Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни Толибон дар шимол дастикам 10 низомиро куштанд


Роҳи Кундуз-Тахор
Роҳи Кундуз-Тахор

Ҷангҷӯёни Толибон дар вилояти шимолии Кундуз 10 низомии нирӯҳои амниятии Афғонистонро куштанд ва ин дар ҳолест, ки ҳукумат дар бораи идомаи давраи нави музокирот бо гурӯҳи шӯришӣ хабар медиҳад. Ҳамла дар ноҳияи Имом Соҳиб рух дод. Ҳашт қурбонӣ афсарони полис буда ду нафарашон сарбоз мебошанд. Маълум нест, ки дар ин ҳодиса чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар солҳои охир Кундуз ду дафъа ба дасти Толибон гузаштааст.

Аз моҳи сентябр ба ин сӯ ҳукумат дар шаҳри Давҳаи Қатар бо Толибон музокироти сулҳ барпо кардааст, ки ҳадафаш хатми хушунатҳои даҳсола дар ин кишвар аст. Вале бо ин вуҷуд, мавҷи хушунатҳо кам намешавад.

XS
SM
MD
LG