Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як маъмури пешини амниятии Қирғизистон ба гумони ҳамкорӣ бо қочоқбарон


Дуйшенбек Чоткараев, муовини пешини раиси КДАМ-и Қирғизистон.
Дуйшенбек Чоткараев, муовини пешини раиси КДАМ-и Қирғизистон.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 12 декабр муовини пешини раиси КДАМ, мудири пешини Хадамоти зидди фасоди он кишвар Дуйшенбек Чоткараевро ба ҳабс гирифт.

Ин маъмури пешин дар доираи парвандаи қочоқи маснуоти заргарӣ ва тило ба ҳабс гирифта шудааст. Мақомоти он кишвар пештар хабар дода буданд, додситонии низомӣ моҳи марти соли 2019 тафтишоти пешакиро шуруъ кардааст, ки қочоқи маснуоти заргариро дар бар мегирад. Мақомот гуфтанд, қочоқбарон дар ҳамоҳангӣ бо бархе аз кормандони КДАМ фаъолият мекарданд.

Соли 2017 кормандони КДАМ қочоқи 22 кило маснуоти заргариро ошкор карданд. Аммо роҳбарияти КДАМ дастур додааст, ки парвандаи қочоқи маснуоти заргарӣ қатъ карда шавад. Дар натиҷа буҷаи давлат бештар аз 6 млн сом зарар дидааст.

"Тафтишот муайян кард, ки Дуйшенбек Чоткараев мустақиман дар озодсозии ғайриқонунии қочоқбарон ва баргардонии маҳсулоти қочоқӣ ба соҳибонашон даст дорад", - хабар додааст КДАМ-и Қирғизистон.

Дар робита ба ин нисбати Чоткараев бо гумони содир кардани ҷиноятҳои марбути моддаҳои "Сӯистифода аз мақом" ва "Қочоқи иқтисодӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG