Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди тоҷик Қудратбек Элчибековро дар Душанбе дафн карданд


Қудратбек Элчибеков
Қудратбек Элчибеков

Қудратбек Элчибеков, донишманди тоҷик, даргузашт. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди адибон, 13-уми декабр дар Фейсбук навишт, ки ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе дафн карданд. Сабаби расмии маргаш эълон нашудааст. Элчибеков дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекард. Вай зодаи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон буда, дар мавзӯи “Силсиламаротиби рӯҳоният дар мазҳаби исмоилия” рисола дифоъ намудааст. Аз соли 1977 то соли 1980 дар Эрон ҳамчун тарҷумони низомӣ ва аз соли 1983 то соли 1986 дар Афғонистон фаъолият дошт. Қудратбек Элчибеков "Шаш фасл"-и Носири Хусравро дар соли 2003 ва бо ҳамкории Дӯстмуҳаммади Дӯст матни комили "Кимиёи саодат"-и Имом Муҳаммади Ғаззолиро дар соли 2008 дар ду ҷилд ба чоп расонида буд.

XS
SM
MD
LG