Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро баррасӣ кардаанд


Муҳаммадтақии Собирӣ
Муҳаммадтақии Собирӣ

Сафири Эрон дар Душанбе гуфт, ки бо вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далери Ҷумъа мулоқот кардааст. Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора ҷузъиёт намедиҳад, Муҳаммадтақии Собирӣ рӯзи 12-уми декабр дар Твиттер навишт, "ҳамкориҳо дар ҳавзаи обу энержӣ ва низ иҷрои тасмимҳои кумитаи пайгирии Кумисюни муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт." Ҷузъиёти аз ин бештар дастрас нест. Тоҷикистону Эрон панҷ сол муносибати хуб надоштанд. Душанбе Теҳронро ба пуштибонӣ аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамчунин қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Эрон дар навбати худ дар гум шудани миллиардҳо доллари тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ангушти иттиҳомро ба сӯйи Тоҷикистон дароз намуд. Ду тараф иттиҳоми якдигарро беасос хондаанд. Робитаҳои ду кишвар тайи камтар аз як соли ахир рӯ ба гармӣ овардааст ва ҳоло мақомоти ду кишвар ҳамкориро барои ҷуброни зиёни иқтисодии аҳди коронавирус ва баъди он бисёр муҳим мехонанд.

XS
SM
MD
LG