Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА ба сабтиноми воксинаи ширкатҳои Pfizer-BioNTech омода мешаванд


Бритониё. Роҷер Шоуи 87-сола аввалин қисмати воксинаи Pfizer-BioNTech-ро қабул кардааст
Бритониё. Роҷер Шоуи 87-сола аввалин қисмати воксинаи Pfizer-BioNTech-ро қабул кардааст


Ҳукумати ИМА ба сабтиноми воксинаи зидди коронавируси сохтаи ширкатҳои Pfizer-BioNTech омода мешавад ва дар нуқоти дигари ҷаҳон кишварҳо ба роҳандозии воксинаҳои худ иқдом мекунанд. Ҷаласаи масъулини идораи ИМА оид ба ғизову маводи дорувор рӯзи 10 декабр баргузор шуд ва баъди ин қарор аст кор дар самти бақайдгирии воксина оғоз шавад. Нақшаи мақомоти амрикоӣ ин аст, ки моҳи декабр 20 миллион сокини кишвар, ки дар навбати аввали гирифтани воксина истодаанд, яъне бошандагони хонаҳои пиронсолон ва кормандони тиббӣ аз COVID-19 эм карда шаванд. Воксинаи сохтаи Pfizer-BioNTech ва ҳам дигар воксинаҳо, дар беҳтарин ҳолат, то баҳор барои ҳамагон дастрас мешавад. Ҳафтаи ҷорӣ Бритониё ҳам ба воксинзании 2-марҳилаӣ оғоз намуд. Санҷишу озмоишҳо манфиати 95-дарсадии воксинаи сохтаи Pfizer-BioNTech-ро нишон додааст. Оҷонсии дорувори Аврупо гуфтааст, ки то 29 декабр дар заминаи истифодаи воксинаи сохтаи Pfizer-BioNTech қарор қабул мекунад ва баъди он, то 12 январ дар робита бо воксинаи ширкати Moderna тасмим гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG