Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Чин бар асоси феҳристи мусалмонҳои Шинҷон даст ба ҳабсҳои худсарона мезанад


Як муассисае, ки дар он эҳтимолан мусалмонҳои боздоштшудаи Шинҷон нигаҳдорӣ мешаванд. Чин, вилояти Шинҷон, як муассисаи саноатӣ
Як муассисае, ки дар он эҳтимолан мусалмонҳои боздоштшудаи Шинҷон нигаҳдорӣ мешаванд. Чин, вилояти Шинҷон, як муассисаи саноатӣ

Созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch гуфт, ки феҳристи беш аз 2 ҳазор уйғуртабори боздоштшуда дар вилояти Шинҷони Чинро таҳлил карда ба чунин хулоса омадааст, ки мақомот як тарҳи калони ҷамъоварии маълумот дар бораи турктаборҳои мусалмони маҳаллиро дар даст доранд. Бар асоси ин феҳрист, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, тасмими “худсарона” боздошт кардани мусалмонтаборҳо гирифта мешавад. Гузориши созмони Human Rights Watch аз 8-уми декабр мегӯяд, ки феҳристи мазкур ба вилояти Оқсу рабт дошта, онро соли 2018 Радиои Осиёи Озод ба даст оварадаст ва дар он сиёсати боздошти сокинони маҳаллӣ бар асоси интихоби худсарона дида мешавад. Феҳристи Оқсу шадид будани фишорҳо болои туркзабонҳои мусалмони Шинҷонро намоиш медиҳад, ки бо кӯмаки фанновариҳои навин роҳандозӣ мешаванд, мегӯяд Майя Ванг, муҳаққиқи аршади Human Rights Watch.

Ӯ гуфт, “ҳукумати Чин бояд ба ин саволҳо посух диҳад, ки чаро ин нафарон боздошт шуда ҳоло дар куҷо ҳастанд?”.

Вақте аз сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар бораи ин феҳрист суол шуд, ӯ онро “комилан муғризона” номида рад кард. Чин барои саркӯби мусалмонони Шинҷон таҳти интиқодҳои афзояндаи байналмилалӣ аст. Бино ба ҳисобҳои СММ, дар Шинҷон тахминан 1 миллион уйғурҳову сокинони бумӣ дар ба истилоҳ марказҳои зиддиифротгарӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG