Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ озод кардани журналисти 72-солаи эрониро, ки ба 3 соли зиндон маҳкум шуд, тақозо кард


Кайвон Самимӣ 72 сол дорад ва чанд рӯз пеш иҷрои ҳукми сесолаи зиндонро дар маҳбаси Эвини Теҳрон шурӯъ кард
Кайвон Самимӣ 72 сол дорад ва чанд рӯз пеш иҷрои ҳукми сесолаи зиндонро дар маҳбаси Эвини Теҳрон шурӯъ кард

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) баъди шурӯи мӯҳлати сесолаи зиндони як журналисти 72-сола, ки соли гузашта эътирозҳоро пӯшиш додааст, аз ҳукумати Эрон хост, ки кормандони зиндонии матбуотро озод кунад. Шариф Мансур, ҳамоҳангсози бахши Ховари Миёна ва Африқои Шимолии созмони Кумитаи дифоъ аз журналистон дар изҳороте рӯзи 8 декабр гуфт, ки “зиндонӣ кардани журналисти кӯҳансол дар авҷи пандемия баёнгари он аст, ки то чӣ андоза низоми додгустарии Эрон нисбати матбуот бархӯрди сахту сангин дорад”. Кайвон Самимӣ, журналисти 72-солаи эронӣ ахиран дар маҳбаси Эвини Теҳрон ба иҷрои мӯҳлати сесолаи зиндон шурӯъ кард.

Мансур гуфт, ки Кайвон Самимӣ бояд билофосила бидуни пешшарт озод шавад ва дигар ҳама журналистоне, ки барои иҷрои кори касбии худ пушти панҷара рафтаанд, бояд ба озодӣ бароянд.

XS
SM
MD
LG