Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин сокини ҷазирае дар наздикиҳои Магадан даргузашт


Яке аз зиндонҳои низоми Гулаг дар Магадан
Яке аз зиндонҳои низоми Гулаг дар Магадан

Охирин сокини ҷазираи Недорозумение, ки солҳои 1930-юм азимтарин маркази интиқоли маҳбусон ба зиндонҳои низоми Гулаги Иосиф Сталин ба шумор мерафт, даргузашт. Сергей Яртсев, ки дар шаҳри Магадани воқеъ дар наздикиҳои ҷазираи Недорозумение ба ҳайси моҳидор кор мекунад, рӯзи 9 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯву ҳамкоронаш ҷасади Галина Кришченкоро, ки ду рӯз пеш даргузашт, бо қаиеқе ба Магадан интиқол доданд. Ӯ гуфт, ки мақомот ин навбат ҳам дар интиқоли ҷасади сокини ҷазираи беодам посухи рад доданд ва гуфтанд, ки танҳо дар моҳи феврал баъди як задани роҳҳо ба сӯи ҷазира рафта метавонанд.

Яртсев гуфт, ки охири моҳи ноябр аввал ҳамсари Кришченко – Сергей Кришченко дар синни 69-солагӣ даргузашт. Ӯ моҳи сентябр дучори сактаи мағзӣ шуда буд. Ҷасади ӯро ҳам ҳамин моҳидорҳо бо қаиқе ба мурдахонаи шаҳри Магадан интиқол дода, дар ҳузури ходимони милиса марги ӯро ба расмият дароварданд. Дар он ҳолат ҳам, ба гуфтаи ӯ, мақомот нахостанд дасти ёрӣ дароз кунанд.

Ҷараёни тарки ҷазира кардани сокинон дар оғози солҳои 1990-ум баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт ва дар натиҷа, Сергей ва Галина Хришченко ду сокини охирини он буданд.

Ҷазира аз 4,5 километри мураббаъ иборат буда, дар соҳилҳои баҳри Охотск дар соҳилҳои ғарбии уқёнуси Ором ва дар 20-километрии шаҳри Магадан ҷойгир аст. Номи ҷазира ба забони тоҷикӣ ҳамчун “нофаҳмӣ” тарҷума мешавад ва ба иштибоҳи харитасозон бармегардад, ки дар оғози асри 20 ҳангоми кашидани харитаи ин минтақа ҷазира аз мадди назари онҳо дур монда буд.

XS
SM
MD
LG