Тими ҳуқуқшиносони президент Доналд Трамп бо вуҷуди қарори Додгоҳи олии ИМА дар бораи бетағйир мондани натиҷаҳои интихобот дар аёлати Пенсилвания гуфт, ки муборизаашро барои бозбинии натиҷаҳои интихоботи 3 ноябр идома хоҳад дод. Дар аёлати Пенсилвания, бар хилофи интизориҳо, номзади демократҳо Ҷо Байден пирӯз шуд.
Қарори Додгоҳи олии рӯзи 8 декабр барои Трамп ва тими ҳуқуқшиносонаш як зарбаи сахте шуд, чун то он замон як бастаи калони шикоятҳоро бо талаби бекор шудани натиҷаҳои интихобот ба додгоҳҳои кишвар ирсол кард. Дар қарори охир додгоҳ аризаро бидуни баррасӣ рад кард. Аз миёни даҳ ариза, ин аввалин аризаи тими Трамп буд, ки ба номи Додгоҳи олӣ ирсол шуд, чун тахминан тамоми аризаҳои пешинааш ба додгоҳҳои маҳаллӣ рад шудааст.
Қарор аст то рӯзи 14 декабр Конгресс қарори ҳайати интихобкунандаҳоро дар бораи натиҷаҳои интихобот дарёфт бикунад ва бар асоси он, натиҷаҳои расмии интихобот эълон хоҳад шуд. Трамп гуфтааст, ки муборизаҳои додгоҳиашро идома хоҳад дод.