Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Эрон ҳукми хабарнигорро бетағйир гузошт


Руҳулло Замро соли 2019 баъди бозгашт аз Париж ба Эрон дастгир карданд.
Руҳулло Замро соли 2019 баъди бозгашт аз Париж ба Эрон дастгир карданд.

Додгоҳи Олии Эрон ҳукми қатли Руҳулло Зам, хабарнигори мухолифи давлат ва фаъоли сиёсиеро бетағйир гузошт, ки фаъолиятҳои ӯ аз тариқи Интернет соли 2017 дар Эрон тазоҳуроти оммавӣ барангехт.

Ғуломҳусайн Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи Олӣ рӯзи 8-уми декабр дар ин бора хабар дод, вале нагуфт, ки ҳукм кай содир шудааст. Руҳулло Замро Додгоҳи инқилобии Эрон моҳи июн ба қатл маҳкум кард. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, ҳукмро “ноҳақ” номидааст.

Додгоҳ Руҳулло Замро дар хиёнат ба ватан ва талош барои сарнагунии низом гунаҳкор медонад. Ин хабарнигор бо таъсиси вебсайти хабарӣ ва канали “Амаднюс” дар Телеграм мардумро соли 2017 доир ба замони баргузории тазоҳурот ба зидди болоравии нархҳо дар Эрон хабар карда ва доир ба мақомоти Эрон гузоришҳои шармсоркунандае нашр мекард. Руҳулло Замро, ки дар шаҳри Париж зиндагӣ мекард, баъди бозгашт бар Эрон соли 2019 дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG