Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон 98 зану кӯдакро аз Сурия баргардонд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар доираи амалиёти "Меҳр-3", Узбекистон 25 зан ва 73 кӯдакро аз Сурия баргардонд. Дар ин бора рӯзи 8-уми декабр расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар доданд.

"Ҳамаи ин одамон дар муассисаҳои тиббӣ ҷой ва бо ғизои гарму либоси гарм таъмин мешаванд. Мутахассисон ба онҳо кӯмаки тиббиву равонӣ мерасонанд", - хабар доданд расонаҳо.

Узбекистон бори аввал 30 майи соли 2019 156 зану кӯдакро аз Сурия ба Тошканд оварда буд. Миёни онҳо 48 зан ва 106 кӯдак буданд.

Моҳи октябри соли 2019 низ 39 писар ва 25 духтаре, ки дар Сурия бе падару модар монда буданд, ба Узбекистон баргардонида шуданд.

XS
SM
MD
LG