Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони вилоятҳои ҳаммарзи Узбекистону Қирғизистон дар Фарғона вомехӯранд


Марзи Қирғизистон ва Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Қирғизистон ва Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Раҳбарони вилоятҳои Намангон, Андиҷону Фарғонаи Узбекистон ва Ӯш, Ҷалолободу Бодканди Қирғизистон имрӯз, 8 декабр дар Фарғона мулоқот хоҳанд кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаҳои сарвазири ин кишвар Артем Новиков иштирок мекунад.

Мулоқоти нахустини раҳбарони вилоятҳои наздимарзии Қирғизистону Узбекистон 29 марти соли 2019 дар Фарғона баргузор шуда буд.

Дар вохӯрии имрӯз ҳамкориҳои байниминтақавӣ, рушди робитаҳои тиҷорию сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкориҳои башардӯстонаву фарҳангӣ ва беҳсозии шароити гузаштани шаҳрвандон аз марзи ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир масоили вобаста ба марз яке аз мавзуъҳои муҳим миёни ду кишвар боқӣ мемонад.

Узбекистону Қирғизистон 9 минтақаи баҳсӣ доранд. Ду кишвар 1378 километр марзи мушатрак дошта, то ҳол 1170 тои он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG