Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷикро, ки падару модарашро кушт, ташхиси равонӣ мекунанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додситонии минтақаи Кӯлоб ба зидди як сокини ноҳияи Фархор бо иттиҳоми қатли падару модараш парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Мақомот мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ҷавон бемории рӯҳӣ дорад, вале инро ташхиси ниҳоии тиббӣ муайян хоҳад кард.

Дилшод Сафаров ба он айбдор мешавад, ки субҳи 1-уми декабр ба падар ва модари худ ба каланд ҳамла кардааст. Ҳоло ӯро ба “куштор бо бераҳмии хос” муттаҳам мекунанд. Бозоргул Қурбонова модари ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст ва падараш Абдуҷаббор Сафаров як рӯз пас аз ҳамла дар беморхонаи ноҳияи Фархор ҷон додааст.

Як манбаъ дар сохторҳои интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи 7-уми декабр бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан ҷавонро муолиҷа карда буданд ва ҳоло барои дақиқ кардани ҳолати рӯҳии ӯ ташхис таъйин шудааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Ӯ бемории равонӣ доштааст. Ҳоло ташхис таъйин шудааст ва баъдан маълум хоҳад шуд, ки воқеан бемории равонӣ дорад, ё на. То ташхис исбот накунад, хулоса баровардан мумкин нест.”

Яке аз пайвандони ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Дилшод борҳо аз бемории равонӣ табобат гирифта буд ва ду соли ахир зоҳиран саломатиаш хуб ба назар мерасид. Ӯ чанд вақти ахир танҳоӣ ва як шипанге дар ҷамоати “20-солагии истиқлолият”-и Фархор зиндагӣ мекардааст. Хеши Дилшод Сафаров ба Радиои Озодӣ гуфт: “Падару модараш аз дилсӯзӣ ӯро хабаргирӣ рафтаанд. Дар ҳамон ҷо чӣ гапе мешавад, ки каландро гирифта ба падару модараш ҳамла мекунад.”

Дар сурати бемори равонӣ будани Дилшод Сафаров, ӯро ба муолиҷаи маҷбурӣ мефиристанд, вале агар солим бошад, мумкин аст, ӯро аз 15 то 25 соли зиндон маҳкум кунанд. Айни замон дар боздоштгоҳе дар Кӯлоб нигаҳ дошта мешавад.

Дар Тоҷикистон қатли падару модар ба дасти фарзанд бисёр кам дида шудааст. Шаш сол пеш дар соли 2014 сокини ноҳияи Турсунзода Отабек Давронов дар як муноқишаи хонаводагӣ модари 58-солаашро бо корд ба қатл расонид. Ҳамон сол мақомот хабар доданд, ки Фирдавс Каримов, сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг падараш Саъдулло Каримовро бо тири туфанг куштааст.

XS
SM
MD
LG