Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли писар ба дасти падар -- хонавода адолат мехоҳад


Ҷумъахон Миронов.
Ҷумъахон Миронов.

Хонаводаи як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ аз мақомот талаб доранд, ки падари ин хонадон барои қатли фарзанди 31-сола ва маҷрӯҳ кардани набераи 8-солааш, муҷозот шавад. Раҳмон Миронов шоми 20-уми сентябр бо камони шикорӣ ба писараш Ҷумъахон Миронов ҳамла карда, ӯро кушт ва набераи панҷсолаашро захмӣ кард.​

Мақомоти тафтишотӣ ҳоло баъди мураххас шудан аз бемористон, тибқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноят, яъне "одамкушӣ", алайҳи Раҳмон Миронов парвандаи ҷиноят боз кардаанд.

Хонаводаи Раҳмон Миронов мегӯянд, ки падарашон як майзада буд ва ҳамеша онҳоро таҳдиди куштан мекард.

Як манбаъ аз додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ чоршанбеи 24-юми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди пурсишҳои аввалия Раҳмон Миронов иқрор шудааст, ки фарзандонашро таҳдиди куштан мекард ва ин боис шуда, ки ҳама аз хона баромада раванд. Ба гуфтаи манбаъ, баъди ин таҳдидҳо, Ҷумъахон Миронов модарашро бо худ ба Русия бурд ва Раҳмон Миронов аз ин кор бештар ба ғазаб омада, қасди куштани фарзандашро кард.

Қасос аз фарзанд?

"Худаш дар пурсишҳои аввалия иқрор шуд, ки фарзандонашро доим таҳдиди куштан мекард ва ҳамин сабаб шуд, ки ҳамаи фарзандон аз падар рӯй гардонанд. Модарашон низ аз дасти шавҳар ба дод омада, фарзандашро хоҳиш мекунад, ки ӯро низ ба Русия барад. Як соли пеш Ҷумъахон модарашро ба худ ба Русия бурд ва ин боис шуд, ки падар аз фарзандаш қасос гирад. Худаш иқрор шуд, ки барои қасос фарзандашро парондааст",-афзуд ин манбаъ.

Манбаъ дар идома гуфт, ки ин сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ баъди паррондани фарзанд ва наберааш, ба хона баргашта, доруи заҳрогинӣ фосфор истеъмол кард ва қасди худкушӣ дошт, аммо бо расидани кормандони пулис ва интиқол додан ба бемористон, аз марг наҷот ёфт.

Хонаводаи Раҳмон Миронови 65-сола дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, ки падарашон як майзада буд ва ҳамеша онҳоро таҳдиди куштан мекард. Ҳатто ба гуфтаи хонавода, дар иди "Қурбон" аз қурбонӣ шудани яке аз онҳо сухан мегуфт, вале онҳо ин ҳамаро ҷиддӣ намегирифтанд.

Зан аз шавҳар ба дод омада ба Русия рафт

Ҷамшед Миронов, бародари Ҷумъахон Миронов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки модараш дар Русия қарор дошт ва падарашон хост, ки модараш ҳамроҳи писараш ба Тоҷикистон баргардад. Ба гуфтаи Ҷамшед, аммо модар аз Русия ба Тоҷикистон барнагашт ва бародараш Ҷумъахон танҳо омад.

"Сабаби асосии ин кор модарам буд, зеро ӯ наомад, агар меомад, боз мисли пештара ҷангу хархаша оғоз мешуд, аз ин рӯ модарам хост, ки аз шавҳараш дур бошад, то ба касе зарар нарасад. Модарам, ки аз дасти падар дар ягонҷо рӯз надошт, аз ин рӯ маҷбур шуд, ки фирор кунад, Русия равад",-гуфт мусоҳиби мо.

Ҷумъахон Миронов.
Ҷумъахон Миронов.

Ба гуфтаи Ҷамшед Миронов, ҳодиса чанд рӯз баъди омадани бародараш Ҷумъахон аз Русия сар зад. "Шаби 20-уми сентябр соатҳои 21 ба 22 дари ҳавлӣ овоз медиҳад ва бародарам мебарояд, мепурсад, ки кӣ ҳастӣ, падар дар посух аз ӯ хоҳиш мекунад, ки дарро боз намояд ва дар дасташ камон доштааст. Дарро накушода, аз он тараф мепаронад ва дар ҷои ҳодиса мефавтад",-гуфт ӯ.

Ҳоло ин хонавода мегӯяд, ки Ясмина Акрамоваи ҳаштсола, ки аз пояш тир хӯрда буд, баъди каме беҳтар шудан ба Душанбе барои табобат бурда шудааст.

Ин бори аввал нест, ки мардони хонавода қасди ҷони наздикони худ мекунанд. Хонаводаи Мироновҳо низ мегӯяд, ки агар ҳамсари Ҷумъахон Миронов ва хоҳараш аз падар фирор намекарданд, шояд қурбонии тири ӯ мешуданд.

Тибқи омори расмӣ дар даҳсоли ахир дар минтақаи Кӯлоб 24 ҳолати қатл аз сӯи наздикон сабт шудааст. Аз ин 24 ҳолат дутои он аз сӯи бародарон кушта шудани хоҳарон, ҳафт ҳамсар, яъне зану мард дар куштори якдигар, се куштори келинҳо, як куштори модарандар аз сӯи писарандар, як куштори дигари зан аз сӯи писари бародар сабт шудааст, ки аз ин миён ду куштор бо яроқ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2014 Фирдас Каримов, сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг падараш Саъдуло Каримовро бо милтиқ ба ҳалокат расонида буд. Ин ҳодиса низ баъди зери шиканҷа қарор гирифтани модар аз сӯи падар, сурат гирифта буд.

Алихон Иқромӣ, ҷомеашиноси тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин ҳолатҳо бештар бинобар рашки аз ҳад зиёд ва ё гумонҳои баъд нисбати ҳамсар ва ё хоҳару наздикон, ба амал меояд. Оқои Икромӣ афзуд, омили дигар, ин хушунатӣ хонаводагӣ аст, ки дар солҳои ахир бештар мушоҳида мешавад. Ӯ мегӯяд, омили дигараш иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG