Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов: низоми порлумонӣ дар Қирғизистон ба тиҷорат табдил ёфтааст


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Иҷрокунандаи пешини вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба изҳороти раиси Ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев посух дод, ки гуфта буд лоиҳаи Конститутсияи пешниҳодии ӯ ин кишварро 30 сол ба ақиб хоҳад андохт.

Ҷабборов гуфтаааст, ки маҳз "Конститутсияи пешниҳодии Текебоев Қирғизистонро 30 сол ба ақиб бурда буд". Ба гуфтаи ӯ, "Конститутсияе, ки барои манфиатҳои шахсии як нафар навишта шудааст, наметавонад хостаҳои мардум ва давлатро бароварда созад.

Ҷабборов изҳор дошт, ки низоми идории порлумонӣ дар Қирғизистон ба тиҷорат табдил ёфтааст. "Ҳар як курсии порлумон аз 200 ҳазор то 1 миллион доллар фурӯхта мешуд. Мардум ҳам фурӯхтани овози худро оғоз карда буданд. Оё вакиле, ки овозро харидааст, барои мардум хидмат мекунад? Баръакс, дар муддати панҷ соли вакилӣ талош мекунад, харҷи худро дубаробар баргардонад. Мо ин ҳамаро дар даҳ соли ахир дидем", - афзудааст сарвазири пешин ва яке аз довталабони курсии президентӣ дар Қирғизистон.

Пештар раиси Ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон гуфта буд, лоиҳаи нави Конститутсияи Қирғизистон, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, ин кишварро 30 сол ба ақиб мебарад.

Лоиҳаҳои Конститутсияи нав ва қонуни таъйини раъйпурсӣ дар рӯзи 10 январро сомонаи порлумони Қирғизистон 17 ноябр нашр кард. Лоиҳаи қонун баъди як моҳи баррасии умум ба порлумон пешниҳод мешавад.

Дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президент бештар ва таъсис шӯрои мардумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, президент раҳбари давлат ва мақомоти иҷроия аст. Мунаққидон мегӯянд, Ҷабборов бо тағйири Конститутсия мехоҳад, қудратро дар Қирғизистон "ғасб" кунад.

XS
SM
MD
LG