Дар Русия як футболбози собиқи касбӣ бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 7 декабр гуфт, ки Васил Василенко дар ҷосусӣ муттаҳам ва ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум мешавад. Василенко октябри соли 2019 бо гумони қочоқи маводи номуайяни хатарнок, силоҳ ва маводи арзишманди фарҳангӣ боздошт шуд. Чанде баъд иттиҳоми ӯ ба ҷосусӣ табдил дода шуд. Тамоми маводи ин парванда махфӣ буда, ҳеҷ як иттилое аз дохили он ба ҷомеа маълум нашудааст. Худи Василенко ҳам бо сабаби махфӣ будани парвандааш онро шарҳ надодааст. Дар солҳои охир чандин шаҳрванди Украина бо иттиҳоми ҷосусӣ гумонбар ва ҳабс шудаанд. Равобити миёни Маскаву Киев баъди ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014 ва пуштибонии русҳо аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар бад шудааст. Дар ҷангҳои шарқи Украина аз соли 2014 ба ин сӯ 13400 нафар кушта шуд.