Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби сӯхтор дар "Маркази зебоӣ"-и Панҷакентро маълум карданд


Акси лаҳзаи сӯхтори бинои "Маркази зебоӣ" дар Панҷакент
Акси лаҳзаи сӯхтори бинои "Маркази зебоӣ" дар Панҷакент

Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Панҷакент гуфтанд, ки сабаби сӯхтор дар “Маркази зебоӣ”-ро маълум кардаанд.

Ин сӯхтор субҳи 6-уми декабр рӯх додааст ва таваҷҷӯҳ ба он замоне бештар шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ лаҳзаи оташ гирифтани акси бузурги Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар девори бино мавриди баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

Як мақом дар ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфт, ки “сӯхтор аз истифодаи нодурусти печи барқӣ” сурат гирифтааст.

Ӯ гуфт, замони сӯхтор як корманди ин марказ дар ҷойи ҳодиса қарор доштааст, вале натавонист аз сӯхтор пешгирӣ кунад.

“Зарари расида ба сӯхтор ҳанӯз маълум нашудааст. Он тавре, ки дар Фейсбук навиштанд, сӯхтор барқасдона набуд. Аз беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи печи барқӣ шудааст”,--гуфт, ин масъули ҳукумати Панҷакент, ки нахост номаш зикр шавад.

Маъмулан, дар зимистон сӯхтори манзилҳои зист ва корхонаву муассисаҳо дар Тоҷикистон бештар мешавад. Мақомот мегӯянд, дар аксар ҳолат сокинон ҳангоми гарм шудан қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд ва ин боиси сӯхтор мешавад.

Видеои лаҳзаи сӯхторро ин ҷо бинед.

XS
SM
MD
LG