Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Гулнора Каримова дар додгоҳи Швейтсария. $350 миллионашро бармегардонанд


Гулнора Каримова.
Гулнора Каримова.

Гулнора Каримова, духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов дар баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария пирӯз шуд. Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки 350 миллион доллари ҳабсшудаашро баргардонад.

Додгоҳи баррасии шикоятҳои Швейтсария 3 декабр шикояти Гулнора Каримоваро қонеъ карда, ӯро молики қонунии ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant Ltd эътироф кард.

Швейтсария дороии ширкатро дар доираи парвандае ҳабс карда буд, ки соли 2018 боз шуд. "Бо назардошти ин ки додситонии Швейтсария барои мусодираи дороиҳои Гулнора Каримова талош мекард, ин пирӯзӣ барои ӯ муҳим аст", - изҳор дошт вакили дифои Каримова -- Грегуар Манжа.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Швейтсария ва Тошканди расмӣ моҳи сентябри имсол дар робита ба шартҳои баргардонидани дороиҳое ба Узбекистон созиш карданд, ки дар доираи парвандаи ҷиноии Гулнора Каримова мусодира шуда буданд.

Бар асоси созиши ҳосилшуда, ҳудуди 131 млн долларе, ки аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримова дар Швейтсария мусодира шуда буданд, ба мақомоти Узбекистон баргардонида мешаванд.

Вале ин созишнома аз мақомоти узбек иҷрои як қатор шартҳоро талаб мекунад. Аз ҷумла, бояд дар раванди баргардонидани пулҳо, харҷи онҳо ба "беҳсозии зиндагии мардум" ва сармоягузории тарҳҳо шаффофият таъмин карда шавад.

Додгоҳи шаҳри Тошканд Каримоваро бо айбҳои фасодкорӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва қаллобӣ 13,4 сол зиндонӣ кардааст. Нисбати Каримова ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд ва Фаронса парванда боз ва амволи ғайриманқули вай, ки садҳо миллион доллар арзиш дорад, ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG