Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон дар Арманистон истеъфои сарвазирро талаб карданд


Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон
Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон

Мухолифони Арманистон дар тазоҳуроти рӯзи 5-уми декабр барои созиши баҳсбарнгез дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинянро карданд.

Моҳи гузашта бо миёнаравии Русия Арманистон пас аз ҷанги думоҳа бо Озарбойҷон дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ созишномаи оташбас имзо карданд. Бар асоси ин созишнома бархе минтақаҳои Қарабоғи Кӯҳӣ зери назорати Озарбойҷон қарор гирифт.

Наздиик 20 000 эътирозгар дар маркази Ереван ҷамъ омада, бо шиорҳои "Николи хиёнаткор" ва "Арманистони бидуни Никол" садо доданд ва сипас ба сӯи манзили нахуствазир раҳсипор шуданд.

Арманистон дар пайи созишнома бо миёнаравии Маскав дар рӯзи 10 ноябр ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шуд.

Мухолифон талаб карданд, ки агар то 8-уми декабр Никол Пашиниян истеъфо надиҳад, корпартоии умумӣ эълон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG