Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Назокатхон Тоҳирова, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, ки ба қатли чаҳор фарзандаш гумонбар аст, 25 соли зиндон хостааст.
Аминҷон Зайнуллозода гуфтааст, гуноҳи Тоҳирова бар асоси моддаи "куштор бо бераҳмии махсус" пурра исбот шуд. Аммо вакили мудофеи зан пешниҳод кардааст, ибораи "бо бераҳмии махсус" аз парванда бардошта шуда, ӯро дубора барои ташхиси равонӣ фиристанд.
Вай иддао кардааст, ки ташхиси аввали вазъи равонии нафари зери ҳимояташ дуруст анҷом нашудааст. Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли вакили мудофеъ Зарина Нурова навишт, "мавҷуд набудани ангезаи куштор ҳам баёнгари бемории Назокатхон Тоҳирова аст. Ба фикри ман, агар имрӯз ӯро барои ташхису табобат фиристем, мумкин аст, аз вуқӯи ҷинояти дигар пешгирӣ кунем. Агар ӯ аз нигоҳи равонӣ носолим аст, метавонад ба ин монанд ҷиноятро дар зиндаон ҳам содир кунад."
Додрас Неъмат Мирзозода бо далели ин ки "аллакай як дафъа ташхис гузаронда шудааст ва барои ташхиси дувум ҳоҷат нест", ин пешниҳодро напазируфтааст. Як мусоҳиби мо дар Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа ба охири худ наздик шудааст ва мумкин аст ба хулосаи додрас эълон шавад.
Бори аввал вазъи равонии ин занро дар бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ ташхис кардаанд ва пизишкон ӯро комилан солим номидаанд. Раҳмоналӣ Узоқов, сардухтури Бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Бохтар, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Назокатхон Тоирова ҳеч вақт таҳти назорати пизишкони ин беморхона қарор надоштааст.
Ҳодисаи қатли чаҳор кӯдак аз сӯи Назокатхон Тоҳирова рӯзи 9-уми сентябри имсол рух дод. Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр бо нашри изҳороти расмӣ баъзе ҷузъиёти қазияро ошкор карданд.
Дар изҳорот гуфта мешуд, "сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони 9, 8, 6 ва 1-солаи худро, пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст".
Бо гузашти чанд моҳ аз ҳодиса назари наздикони зан маълум нест.
Сарвиноз Сарихонова, муовини раиси ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, Назокатхон Тоҳирова ба маҳаллаи онҳо аз шаҳри Бохтар омадааст. Ӯ гуфт, дар муддати ду моҳи зиндагии ин хонадон боре ҳам дар бораи муноқишаи оилавии онҳо ҳарфе нашунидааст.
"Ин хонавода ба тозагӣ ба деҳоти мо кӯч бастанд ва ҳатто дар қайди деҳаи Ориён набуданд. Хонаи хушдоманаш дар тарафи дигари кӯча дар ҳудуди шаҳри Бохтар буд. Шавҳараш марди меҳнатӣ буд ва дар оила камбудие дида намешуд", -- афзуд вай.
Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Моҳи августи соли ҷорӣ як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, худ наҷот ёфт, вале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.