Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи як зан, ки 4 фарзандашро бӯғӣ кард, ба додгоҳи Хатлон рафт


Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон.
Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон.

Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи як зан, ки чаҳор фарзанди ноболиғашро тариқи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонд, оғоз мекунад. Ҳодисаи қатли ин чаҳор ноболиғ рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён рух дода буд.

Як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баррасии ин парванда рӯзи панҷшанбеи 26-уми ноябр оғоз мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, нисбати Назокатхон Тоирова бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" парванда боз шудааст. Таҳқиқотро додситонии вилоят анҷом дода, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Дар пайи ин ҳодиса эҳтимол мерафт, ки ӯ бемории равонӣ аст. Аммо як мақом аз Додгоҳи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ташхиси анҷомшуда бемории равонӣ доштани занро нагуфтааст, аммо тафсилоти бештарро бо оғози муҳокимаи додгоҳӣ дар миён мегузоранд. Баъзе аз равоншиносон гуфтанд, ки ин ҳодиса метавонад дар заминаи ошуфтагии сахт рух дода бошад.

Шавҳари ин зан дар сохтмон кор мекардааст ва рӯзи ҳодиса дар хона набудааст. Ба гуфтаи оноҳое, ки хонаводаро аз наздик мешиносанд, Назокатхон Тоирова ҷанҷоли оилавӣ надошт ва бемори равонӣ ҳам набуд.

Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Моҳи августи имсол як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.

Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, худ наҷот ёфт, вале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.

XS
SM
MD
LG