Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Булғористон 7 маркази беморони рӯҳӣ ва маъюбонро мебандад


Пойтахти Булғористон
Пойтахти Булғористон

Булғористон гуфт, дар ҳафт соли оянда 28 маркази беморони рӯҳӣ ва маълулонро мебандад. Додситонии Булғористон дар ин бора рӯзи чаҳоруми декабр ва пас аз интиқоди шадиди Шӯрои Аврупо аз вазъи бади беморону маъюбон дар ин марказҳо хабар дод. Шӯрои Аврупо аз Булғористон хоста буд, ки дар марказҳои беморони равонӣ аз занҷир истифода накунанд ва онро "ғайри қобили қабул" хонд. Ҳайате марказҳои тандурустии Булғористонро дида ва иддаоҳоеро шунидааст, ки кормандони марказҳо беморону маъюбонро мезананд.

XS
SM
MD
LG