Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Эрон дар Натанз чӣ кор мекунад?


Коргоҳи Натанз
Коргоҳи Натанз

Гузориши маҳрамона ё махфии Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, ки ба дасти хабаргузории "Ройтерз" расидааст, нишон медиҳад, ки Эрон дар назар дорад таъсисот ё иншооти зеризаминии Натанзро бо се сентрифугаи пешрафта муҷаҳҳаз кунад. Ин таъсисот дар 300-километрии ҷануби Теҳрон ҷойгир аст.

Бар асоси тавофуқномаи ҳастаии соли 2015, Эрон танҳо иҷоза дошт, ки сентрифугаҳои насли аввалро бо муассирияти кам дар Натанз истифода кунад.

"Ройтерз" бо такя ба гузориш хабар дод, ки Эрон мехоҳад, ғанисозии уранро бо мошинҳои пешрафтаи наъви IR-2m дар Натанз оғоз кунад. Ба навиштаи хабаргузорӣ, ин иқдом ҷавоби нави Эрон ба вокуниш ба берун рафтани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз созиши ҳастаӣ аст.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ соли 2015 созиши ҳастаиро имзо карданд. Баъд аз се соли он Амрико аз созиш берун шуд ва дигарбора ба Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG