Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистонро барои "таҳдиду бозпурсӣ"-и хеши яке аз мухолифин танқид карданд


Фатҳуддин Саидмуҳиддинов
Фатҳуддин Саидмуҳиддинов

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти Тоҷикистонро барои бозпурсӣ ва таҳдиди хонаводаи як фаъоли тоҷик дар Аврупо танқид кардаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee ) рӯзи 4-уми декабр дар баёнияе гуфтанд, падар ва бародари Фатҳуддин Саидмуҳиддинов 19-уми ноябри имсол ба идораи амнияти Душанбе даъват ва панҷ соат бозпурсӣ шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора вокуниш накардааст.

Ба навиштаи созмонҳо, эҳтимол мақомот мехоҳанд, ба ин восита монеи интиқодҳои Саидмуҳиддинов аз ҳукумати Тоҷикистон шаванд. Фатҳуддин Саидмуҳиддинов дар Интернет фаъол аст ва бештар дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон гузоришҳои интиқодӣ нашр мекунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки ибрози нигаронӣ кардаанд, ки "бо амиқ шудани буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мақомот фишорро ба аъзои оилаи мухолифон бештар кардаанд."

Ҳю Виллиамсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 4-уми декабр гуфт, "ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадаф қарор додани мухолифони сиёсӣ, фаъолон, вакилони мудофеъ, рӯзноманигорон ва наздикони мухолифони мусолиматомез озодии баёнро дар кишвар ба шиддат пахш кардааст."

Вай афзудааст, "мақомот бояд озор додани наздикони Саидмуҳиддиновро барои танқидҳояш фавран бас кунанд."

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳамагуна фишор болои мунтақидонро рад кардаанд.

Фатҳуддин Саидмуҳиддинов аз соли 2016 дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо аст. Дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ӯ яке аз ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ муаррифӣ шудааст. Вале ӯ моҳи декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "на дар ватан ва на дар хориҷ узви ягон ҳизби сиёсӣ набудам. Узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастам."

Саидмуҳиддинов моҳи декабри соли гузашта низ шикоят карда буд, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона падараш Миноҷ Саидмуҳиддинов ва бародаронашро батакрор бозпурсӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG