Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон гирифтории мактабхонҳо ба COVID-19 афзудааст


Яке аз мактабҳои Бишкек. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз мактабҳои Бишкек. Акс аз бойгонӣ.

Дар Қирғизистон давоми се моҳи ахир 683 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 дар миёни хонандагони мактабҳои миёна ба қайд гирифта шудааст.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, моҳи ноябр 320 хонанда, моҳи октябр 315 хонанда ва моҳи сентябр 48 хонанда ба коронавирус мубтало шудааст.

Бештари ин ҳолатҳо дар шаҳри Бишкек, вилоятҳои Чӯй ва Иссиқкӯл ошкор шуда, аз ҳама камтар дар вилояти Норин сабт гаштааст.

Дар 1489 мактаби Қирғизистон аз 11 ноябри соли равон хонандагони синфҳои 1-6 ва 9-11 ба низоми дарсии маъмулӣ баргаштанд.

Дари мактабҳои Қирғизистон моҳи марти соли равон ба далели пандемияи коронавирус баста шуда буд. Дарсҳо фосилавӣ ва дар шакли онлайн баргузор мешуданд.

XS
SM
MD
LG