Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон зане, ки барои марги духтараш ҷуброн мехост, худро оташ зад


Андиҷон. Акс аз бойгонӣ.
Андиҷон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон зане, ки барои марги духтараш ҷуброн мехост, худро оташ зад. Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, ин зан 30 ноябр дар назди бинои додситонии шаҳри Андиҷон худро оташ задааст.

"Корманди пулиси Андиҷон, ки вазъро назорат дошт, либосҳои оташгирифтаро аз тани С.Б. дур ва аз сӯхтагии шадид пешгирӣ мекунад. С.Б дар беморхона бистарӣ шуда, 15 дарсади рӯй, дастон ва гарданаш сӯхтааст. Парвандаро додситонии Андиҷон таҳқиқ дорад",-омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Узбекистон.

Ба огаҳии додситонӣ, сокини 21-солаи ноҳияи Марҳамати Андиҷон 24 июли соли равон духтари ноболиғеро, ки дустписарашро мунтазир буд, акс мегирад ва мегӯяд, онро ба волидонаш ва корманди пулис нишон медиҳад. Духтар аз тарс худро меовезад ва худкушӣ мекунад.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи ҳарими хусусӣ" парванда боз шуда буд.

Модари духтар 30 ноябр ба додситонии Андиҷон рафта, шикоят мекунад, ки айбдоршаванда бо вуҷуди марги фарзандаш ба ӯ ҳамчун ҷуброн мошини "Спарк"-ро намедиҳад. Вале баъди он ки кормандони пулис мегӯянд, салоҳияти ситонидани мошин аз айбдоршавандаро надоранд, зан худро оташ мезанад.

XS
SM
MD
LG