Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

#CancelElbasy. Лавҳаи эътирозӣ дар хиёбони Нурсултон Назарбоев


Ташкилкунандагони ин лавҳа маълум нестанд
Ташкилкунандагони ин лавҳа маълум нестанд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 1-уми декабр лавҳае бо навиштаи "47 млрд танга барои ном" бо ҳештеги #qazaqkoktemi ва #cancelelbasy мушоҳида шуд. Ин лавҳа дар хиёбони Назарбоев (собиқ хиёбони Фурманов) насб шудааст.

Ташкилкунандагони ин лавҳа маълум нестанд, вале гуруҳи мухолифи "Rukh2k19" рӯзи якуми декабр дар бораи он дар Инстаграм хабар дод.

"Мо фаромӯш накардем, ки ҳукумати Қазоқистон чи гуна 23-юми марти соли 2019 номи пойтахт ва хиёбонҳои марказии кишварро тағйир дод. Бино ба арзёбиҳои гуногун, ба талошҳо барои абадӣ гардонидани номи Нурсултон Назарбоев (президенти нахустини Қазоқистон) беш аз 47,3 миллиард танга харҷ шудааст. Имрӯз, вақте ки Назарбоев ва ҳомиёнаш ин рӯзро ҳамчун ҷашн таҷлил мекунанд, як гуруҳи шаҳрвандон дар фикри хотима бахшидан ба ин шахспарастӣ ҳастанд. Конститутсияи Қазоқистон мегӯяд, ки манбаи асосии қудрат мардум аст. Ба назари мо, ҳар як қазоқистонӣ бояд имкони иштирок дар умури идораи давлатро дошта бошад ва озодии интихобу баёни мо бояд риоя шавад", - омадааст дар изҳороти ташаббускорони номаълуми "qazaqkoktemi".

Дар арафаи Рӯзи президенти Қазоқистон, ки ҳамасола якуми декабр таҷлил мешавад, корбарони шабакаи иҷтимоии Инстаграм навиштаҳоеро бо хештеги #cancelelbasy нашр менамоянд.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Нурсултон Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Назарбоев дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони Элбаси ("Пешвои миллат") бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG