Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷен Псакӣ сухангӯи Кохи Сафед таъйин мешавад


Ҷен Псаки, сухангӯи нави Кохи Сафед мешавад.
Ҷен Псаки, сухангӯи нави Кохи Сафед мешавад.

Ҷо Байден, президенти тозаинтихоби ИМА масъулони иртибот бо ҷомеаро дар ҳукумати ояндааш эълом кард.

Ҳамаи мақомҳои асосиро дар ин бахш занҳо соҳиб хоҳанд шуд. Тими иртибот бо ҷомеаро Кейт Бедингфилд сардорӣ хоҳад кард, ки дар ситоди интихоботии Ҷо Байден роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа буд.

"Гуфтугӯи мустақим ва ростин бо амрикоиҳо - яке аз вазифаҳои муҳимтарини президент аст ва тими мазкур масъулияти бузурге хоҳад дошт. Ман бо ифтихор дар бораи тими масъули робита бо ҷомеа дар Кохи Сафед хабар медиҳам, ки ин тим комилан аз занҳо иборат хоҳад буд", - гуфтааст Ҷо Байден.

Байден тасмим дорад, Ҷен Псакӣ, сухангӯи пешини Департаменти давлатии ИМА-ро сухангӯи Кохи Сафед таъйин кунад. "Боиси ифтихор аст, ки бори дигар бо Ҷо Байден кор хоҳам кард, замоне ман бо вай дар ҳукумати Обама ҳамкор будем", - навиш Псакӣ дар саҳифаи Твиттер.

Ҷен Псакӣ дар солҳои 2011 то 2013 сухангӯи Барак Обама, президенти пешини ИМА буд ва ду соли дигар аз Департаменти давлатии ИМА расман намояндагӣ мекард ва низои шарқи Украинаро шарҳ медод. Расонаҳои давлатии ИМА гуфтаҳои ӯро ба боди тамасхур мекашиданд.

Псакӣ солҳои 2015 то 2017 ба ҳайси мудири иртибототи Кохи Сафед буд.

Ҷо Байден ҳафтаи гузашта гуфт, ки мақомдорони калидии ҳукуматашро интихоб кардааст.

XS
SM
MD
LG