Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот дар Узбекистон талош доранд, ки сокинони норозӣ аз бебарқиву гармиро ором созанд


Сокинони минтақаҳои гуногуни Узбекистон, ки дар фасли сармо бе барқу гази табиӣ мондаанд, ба нишони эътироз дар назди биноҳои маъмуриятҳои маҳаллӣ ҷамъ мешаванд.

Ба гуфтаи сокинони норозии вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона ва Қашқадарё мақомоти маҳаллӣ кӯшиш кардаанд, онҳоро ором созанд ва ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки ба таври гуруҳӣ ҷамъ нашаванд.

Дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон мақомоти маҳаллӣ тавонистаанд, мушкилро ҳал кунанд, вале дар бештари минтақаҳои дигар сокинон ҳанӯз ҳам бе барқу гази табиӣ ҳастанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, мақомоти вилоятҳои Намангону Қашқадарё сокинонро огаҳ кардаанд, ки имсол дар интиқоли газу барқ ҳатман маҳдудият сурат мегирад ва онҳо бояд ангишту чӯб захира кунанд.

Дар ноҳияи Гузар, ки 300 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳудуди 60 нафар дар назди шабакаи барқии ноҳия ҷамъ шуданд. Ин сокинони бебарқу гармӣ мулоқот бо раҳбарияти шабакаи барқиро талаб намуданд.

Як гуруҳи сокинони шаҳри Намангон, ки ба далели набудани барқу гази табиӣ эътироз карда буданд, 23-юми ноябр бо муовини шаҳрдор Ҷобирҷон Абдуллоев мулоқот карданд. Видеое, ки дар Telegram нашр шуд, нишон медиҳад, Абдуллоев ба сокинон тавсия медиҳад, ки ангишту чӯбро захира намоянд. Вале ба суоли сокинон дар бораи норасоии барқу газ посух намедиҳад.

Дар Узбекистон аз 18-уми ноябр, баъди якбора сард шудани ҳаво интиқоли барқу гази табиӣ на танҳо ба сокинони вилоятҳо, балки ба бошандагони шаҳри Тошканд низ маҳдуд гашт.

XS
SM
MD
LG