Чандин матбуоти исроилӣ хабар доданд, ки нахуствазири кишвар Бенямин Нетаняҳу рӯзи 22-юми ноябр ба таври пинҳонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда, бо раҳбари воқеии ин кишвар ва ҳам котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки дар ин кишвар меҳмон буд, дидан кардааст. Телевизиони давлатии “Kan”-и Исроил рӯзи 23-юми ноябр бо такя ба мақомоти беном хабар дод, ки Нетаняҳу ва раҳбари оҷонсии иктишофии “Моссад” Ёсӣ Коҳен бо шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон ва дипломати аршади амрикоӣ дар шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ, ки дар соҳилҳои баҳри Сурх ҷойгир аст, дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин хабарро чандин матбуоти дигар ҳам нашр кардааст. Дафтари Нетаняҳу ва сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас барои шарҳи ин хабар дастрас набуданд. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, пас ин аввалин сафари нахуствазири Исроил ба Арабистони Саудӣ мебошад. Мулоқоти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки Исроил чанде пеш созиши таърихии оддӣ шудани муносибатҳо бо ду кишвари муттафиқи Саудия дар минтақаи Халиҷи Форс – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайнро имзо кард. Нақши миёнҷиро дар ин муносибатҳо маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп иҷро кардааст.
Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки аксар кишварҳои минтақа дар қиболи Эрон мавзеи муштарак доранд. Арабистони Саудӣ ба таври ошкор гуфтааст, ки ба қавлаш дар баробари Лигаи кишварҳои араб пойбанд мемонад, ки то замони ҳал шудани низоъ дар Фаластин бо Исроил наздик нахоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, саудиҳо ба ҳавопаймоҳои исроилӣ иҷоза доданд, ки аз ҳарими ҳавоии онҳо убур кунанд.