Ширкати AstraZeneca гуфт, озмоишҳои воксинаи нави ин ширкат дар муқобили COVID-19 90 дарсад муассир будааст. Ин озмоишҳо дар Бритониё, дар назди донишгоҳи Оксфорд ба роҳ монда шудаанд. Ин натиҷаҳо дар ҳоле эълон мешаванд, ки дар ҷаҳон шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 58 миллион нафар гузашта 1,4 миллион нафар ҷон додаанд. Хабари мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки дар ИМА рақибони донишмандони бритониёӣ аз ширкатҳои Pfizer ва Moderna дар бораи муассирияти 90 дарсадии воксинаҳои сохтаи онҳо хабар доданд. Ба марҳилаи ниҳоии озмоишҳо ширкатҳои дигари мисли Johnson & Johnson ва Sanofi-GSK ҳам наздик мешаванд.
Русияву Чин гуфтанд, ки воксинаҳои худро пешниҳод мекунанд, вале дар заминаи амният ва муассирияти онҳо ҳанӯз суол зиёд аст. Мутахассисони тиб дар ҷаҳон мегӯянд, ки барои мубориза бо COVID-19 воксинаи зиёд лозим мешавад.