Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ишқ динро намешиносад" ё "Исломро қабул кун". Вокунишҳо ба фатвои муфтии Русия


Ҷашни арӯсӣ дар Русия
Ҷашни арӯсӣ дар Русия

Шӯрои уламои Русия, бо як фатво, никоҳи мусалмононро бо пайравони динҳои дигар номумкин номид. Ин фатво соли гузашта, содир шуда, танҳо ахиран дар сомонаи Идораи руҳонияти мусалмонони Русия мунташир гашт.

Шӯрои уламои Русия, бо як фатво, никоҳи мусалмононро бо пайравони динҳои дигар номумкин номид. Ин фатво соли гузашта, содир шуда, танҳо ахиран дар сомонаи Идораи руҳонияти мусалмонони Русия мунташир гашт.

Қарори мазкур байни мусалмонон ва ҳам намояндаҳои динҳои дигар баҳсҳоеро ба миён овард.

Муҳаммад, муҳоҷири тоҷик, пас аз чанд соли кору зиндагӣ дар Маскав, бо як духтари рус издивоҷ кард. Ҳамсари Муҳаммад аз пайравони динӣ масеҳӣ буд ва онҳо бо ҳам никоҳи мусалмонӣ карданд. Ин ҷавони тоҷик, хоҳиш кард, чеҳрааш нишон дода нашавад ва садояш ҳам тағйир дода шавад. Ӯ аз он нигарон аст, ки наздикони ҳамсари русаш метавонанд, аз суханони ӯ бардошти нодуруст кунанд.

Гуфтам, агар мехоҳӣ, исломро қабул кунӣ, ин кори худат аст

Муҳаммад мегӯяд, издивоҷ бо пайравони динҳои дигар ҷоиз аст ва дар ин бора дар Қуръон ояте ҳам омадааст. Бино бар ин ӯ ҳам бидуни ягон дудилагӣ зани масеҳӣ гирифт. Вале ҳамсари Муҳаммад пас аз издивоҷ ва ба гуфтаи шавҳараш бидуни ягон маҷбуркунӣ дини исломро қабул кард. Ҳоло ин муҳоҷири тоҷик ва зани русаш соҳиби чанд фарзанд ҳастанд ва Муҳаммад мегӯяд, зиндагии хушбахтона доранд.

Муҳаммад фатвои идораи руҳонияти мусалмонони Русияро шарҳ надод, зеро мегӯяд, огоҳии динияш зиёд нест. Вале гуфт, пеш аз издивоҷ пеши арӯс як шарт гузошт.

“Гуфтам, агар мехоҳӣ, исломро қабул кунӣ, ин кори худат аст. Гуфтам, агар қабул кунӣ, хуб аст, агар ҳам худат исломро қабул накардӣ, кӯдакон ҳатман бояд дар дини ислом бошанд. Ҳамин тавр мо бо розигии ҳамдигар оиладор шудем. Ва ба оҳистагӣ, ӯ худаш розӣ шуд, ки исломро қабул кунад. Ман ӯро аслан маҷбур накардаам.”

Ишқ миллату нажод ва мазҳабро намедонад. Ин эҳсос метавонад одамонро аз гӯшаҳои гуногуни дунёро ба ҳам орад.

Назари мусалмонон дар бораи издивоҷ бо пайравони динҳои дигар, яксон нест. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар назди масҷиди Маскав бо чанд нафар дар ин бора сӯҳбат кард ва пурсон шуд, ки оё барои як мусалмон иҷоза ҳаст, ки бо духтаре аз дини дигар оила барпо кунад? Бархе гуфтанд, пас зан бояд исломро қабул кунад, гурӯҳи дигар бар ин буданд, ки агар ду ҷавон ҳамдигарро дӯст медоранд, пайрави кадом дину мазҳаб будани онҳо муҳим нест.

Намояндагони Думаи давлатии Русия ҳам дар бораи фатвои баҳсбарангези Шӯрои уламои Русия назари худро баён карданд. Оксана Пушкина, муовини раис оид ба масъалаҳои оила, занон ва кӯдакон дар мусоҳиба бо радиои "Московские речи" аз фатвои Шӯрои уламо интиқод кард. Вай гуфт, чунин фатвоҳо ба иттиҳод ва дӯстии халқҳо халал ворид мекунанд:

"Ишқ миллату нажод ва мазҳабро намедонад. Ин эҳсос метавонад одамонро аз гӯшаҳои гуногуни дунёро ба ҳам орад. Маҳз муҳаббат асоси ҳама гуна издивоҷҳои мустаҳкам аст. Бино бар ин издивоҷ байни намояндагони дину мазҳабҳои гуногун дар кишвар, муносибати байни қавму миллатҳоро наздиктар мекунад. Манъ кардани чунин издивоҷҳо ба маънии аз ҳама ҷудо кардани оила ва одамонест, ки ҳамдигарро дӯст медоранд”

Руслан Қурбонов, ходими калони илмӣ аз Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, мегӯяд, баҳсу ҳангома сохтан дар атрофи фатвои содиршуда дуруст нест. Чун ба гуфтаи вай ин фатво як тавсия буда, фикри фақат як гурӯҳи олимон аст, ки иҷрояш ҳатмӣ нест. Аммо аз ҳама муҳим ба гуфтаи Руслан Қурбонов ин фатво ба қонунҳои Русия , ки ҳуқуқ ба озодии диниро кафолат медиҳад, мухолифат намекунад:

"Дар ҷомеаи мусалмонон ҳамарӯза масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ матраҳ ва баҳс мешаванд. Ин ҳам мавзӯъҳое монанд ба бекор шудани никоҳ, тақсими мерос, муносибат бо кӯдакон аст. Ин масоили дохилӣ, шахсӣ ва оилавию дохилимазҳабӣ аст. Ман намефаҳмам, ки чаро дар робита ба ин чизҳои дохилимазҳабӣ чунин сару садо бардошта шуд.”

Висам Алӣ Бардвил, узви Шӯрои уламои Русия, мегӯяд, ин фатво баръакс ба хотири мустаҳкам доштани оилаҳо дар Русия қабул шудааст. Ба гуфтаи ӯ, издивоҷҳои байни намояндагони динҳои мухталиф дар аксар ҳолат ба нофаҳмӣ ва пошхӯрии оилаҳо мерасонад. Махсусан вақте тифл ба дунё меояд ва масъалаи интихоби дини ӯ пеш меояд, нофаҳмӣ дар чунин оилаҳо шурӯъ мешавад. Бино бар ин, ба гуфтаи Висам Алӣ, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо, фатвои мазкур қабул шудааст.

“Зеро мо мебинем, ки ончӣ рух медиҳад, ғамангез аст. Дар ниҳоят кӯдакон аз падар ё модар зиндаҷудо мешаванд. Ин фоҷеаомез аст. Бисёриҳо аз ин шикоят мекунанду ашк мерезанд. Албатта, ин фатво ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳое, ки аллакай издивоҷ кардаанд, рабт надорад. Мо намегӯем,ки онҳо бояд ҷудо шаванд. Баръакс ин фатво ба ҳифзи оилаҳо равона шудааст. ”

Коршиносон мегӯянд, ислом ягона динест, ки ба издивоҷ бо мардумони дину мазҳабҳои дигар иҷоза медиҳад. Барои мисол як руҳонии наcронӣ, ҳеҷ гоҳ, як масеҳиро бо пайрави дини дигар никоҳ намекунад. То замоне, ки дуввумӣ, масеҳиятро қабул накунад. Биноан аксари ҷуфтҳо, бо роҳи қонунӣ ақди никоҳ карда, бо қонунҳои дунявӣ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG