Як ниҳоди назорат аз ҳуқуқи башар дар Белорус мегӯяд, беш аз 350 эътирозгар рӯзи якшанбеи 22-юми ноябр дар пойтахт Минск ва даҳҳо тани дигар дар шаҳрҳои дигари ин кишвар дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи Александр Лукашенко боздошт шуданд.
Боздоштҳо дар Минск дар ҳоле сурат гирифт, ки эътирозгарон талош доштанд, гирдиҳамоиашонро ба гурӯҳҳои хурдтар тақсим кунанд.
Онҳо шиорҳои "Зинда бод Белорус" сар дода ва парчамҳои сурх ва сафед дар даст доштанд. Ташкилкунандагони ин эътирозҳо аз мардум хоста буданд, то дар нуқтаҳои мухталиф ҷамъ шаванд, то пулис натавонад онҳоро назорат намояд.
Мақомоти расмӣ то кунун дар бораи омори боздоштшудаҳои ба таври расмӣ маълумоте ироа накардаанд.
Дирӯз 106-умин рӯзҳои эътироз дар Белорус буд. Дар пайи натиҷаҳои интихоботи нуҳуми август, дар Белорус мардум ба хиёбонҳо баромаданд ва ҳукуматро ба тақаллуби густурда муттаҳам карданд.
Дар ин интихобот Александар Лукашенко, ки аз 24 сол ба ин тараф қудратро дар Белорус дар даст дорад, бо ба даст овардани 80 дарсад раъйҳо, баранда эълон шуд. Аҳзоби сиёсӣ натиҷаҳоро қабул накарданд ва гуфтанд, ки интихобот олуда бо тақаллуб буд.