Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони кишварҳои G20 гуфтанд, зидди COVID-19 якҷо мубориза мебаранд


Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои G20 онлайнӣ сурат гирифт.
Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои G20 онлайнӣ сурат гирифт.

Роҳбарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" (G20) дар поёни саммите, ки бо ташаббуси Арабистони Саудӣ ташкил ва тариқи онлайн сурат гирифт, эъломияи зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳониро қабул карданд.

Роҳбарон вабои коронавирус ва оқибатҳои онро низ аз ҷумлаи хатарҳои ҷаҳонӣ эътироф карданд.

Қисмати бештари эъломияи қабулшуда ба мубориза зидди COVID-19 бахшида шудааст. Роҳбарон ба созиш расиданд, ки то нимаҳои соли 2021 ба кишварҳои фақир дар баргардонии қарзҳояшон фурсат диҳанд.

Дар эъломия ҳамзамон зикр шудааст, бояд талош карда шавад, ки ҳамаи аҳолии курраи замин ба васоили ташхис ва табобати COVID-19 ва дар оянда ба воксини зидди он дастарсӣ пайдо кунанд.

Роҳбарон ҳамчунин дар мавриди пуштибонии иқтисодии кишварҳо фақир ва баргузории Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба созиш расиданд. Бозиҳои олимпии Токио мебоист, тобистони соли ҷорӣ баргузор шаванд, аммо ба далели густариши вабои коронавирус ба таъхир гузошта шуданд.

XS
SM
MD
LG