Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон тестҳои COVID-19 ду баробар гарон шудаанд


Андиҷон, Узбекистон. Мардум дар интизори натиҷаҳои озмоишҳои худ.
Андиҷон, Узбекистон. Мардум дар интизори натиҷаҳои озмоишҳои худ.

Доруфурӯшиҳои хусусии Узбекистон дар давраи пандемияи коронавирус нархи доруҳои зиддивирусиро боло бурда, арзиши санҷиши коронавирус ё COVID-19-ро ду баробар - аз 250 то 400 ҳазор сӯм (24-38 доллар) гарон кардаанд.

Дар ин бора 3670 нафаре хабар доданд, ки моҳҳои маю июни соли равон дар назарпурсии Маркази пажӯҳишҳои иқтисодӣ ва ислоҳот иштирок карданд.

Бар асоси назарпурсӣ, дар давраи пандемия пеш аз ҳама даромади пурсидашудаҳо (74%) кам шуда, бархе (58%) кори худро аз даст додаанд. Бештари зарардидагон (80%) сокинони пойтахти Узбекистонанд.

Иштирокдорони пурсиш гуфтаанд, дар давраи пандемия бо мушкилиҳои зерин рӯбарӯ шудаанд:

  • дарёфти хадамоти маишӣ (36%)
  • таҳсилоти томактабӣ (32%);
  • таҳсилоти мактабӣ (31%);
  • болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ (23%);
  • қарздорӣ аз пули хадамоти коммуналӣ (15%);
  • нигаронӣ ва руҳафтодагӣ (9%);
  • болоравии нархи маҳсулоти ғайриғизоӣ (7%);
  • камчин шудани маҳсулот дар фурӯшгоҳҳои наздик (6%).

Беш аз чаҳоряки пурсидашудаҳо (25,4%) аз бад шудани некуаҳволии сокинон шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG