Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал аз "бадтарин қаҳтӣ" дар Яман ҳушдор дод


Санъо, маркази Яман. Акс аз моҳи майи 2020
Санъо, маркази Яман. Акс аз моҳи майи 2020

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки Яман дар рӯбарӯи "бадтарин қаҳтӣ дар ҷаҳон" қарор дорад. Антонио Гуттереш рӯзи 20-уми ноябр гуфт, миллионҳо нафар дар Яман зери хатар ҳастанд ва ба иқдомҳои фаврӣ барои муқобила бо ин фоҷиа таъкид кард. Вай идомаи ҷанг ва коҳиши чашмраси кумакҳои байналмилалиро сабаби вазъияти ҳозира дар Яман донист. Изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бино ба гузоришҳо, Амрико дар назар дорад шӯришёни ҳусии Яманро созмони террористии хориҷӣ эътироф кунад. Ҳаштод дарсади аҳолии 24-миллионнафарии Яман ба ёриҳои башардӯстона ниёз доштаанд. Даргириҳо дар Яман соли 2014, дар пайи тасарруфи Санъо (пойтахти Яман) аз сӯйи шӯришёни ҳусӣ, оғоз шуд ва ҳанӯз идома дорад. Эрон ба ҳамкорӣ бо шӯришёни ҳусӣ муттаҳам аст. Теҳрон инро батакрор инкор кардааст.

XS
SM
MD
LG