Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби мушакҳо дар Кобул 8 касро кушта, 31 нафарро захмӣ кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари партоби чанд мушак ё ракет дар шаҳри Кобул 8 кас кушта ва дастикам 31 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ториқ Ориён, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "ракетҳо дар минтақаҳои маскунӣ... ва наздикии донишгоҳ партоб шудааст". Ҳанӯз ҳеч кас ё гурӯҳе масъулияти партоби мушакҳоро дар Кобул ба дӯш нагирифтааст. Толибон гуфтааст, дар партоби ракетҳо даст надоранд. Илова ба ин, рӯзи 21-уми ноябр дар Кобул ду инфиҷори бомби магнитӣ рух дод, ки дар натиҷаи он як нафар ҷон бохта ва ду кас захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG