Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 43 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд. Вазорати тандурустӣ гуфт, дар умум омори беморон то 20-уми ноябр ба 11 ҳазору 815 нафар расидааст. Аз ин миён 86 нафар фавтидаанд. Ба иддаои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар 11 ҳазору 188 нафар ё беш аз 94 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Аммо муттахасисон омори расмиро дар бораи беморони коронавируси нав ва маргу мир аз он дар Тоҷикистон зери шубҳа мегузоранд. Онҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва фавти одамон метавонад аз маълумоти расмӣ ба маротиб бештар бошад.