Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР ба Тоҷикистон $67 млн грант медиҳад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бонки Осиёии Рушд бо ҳадафи тақвияти бехатарии роҳҳо ва ҳузури бештари занон дар иқтисод, ба Тоҷикистон 67,49 миллион доллар грант ё қарзи бебозгашт ҷудо мекунад.

Масъулони Бонки Осиёии Рушд гуфтаанд, Тоҷикистон барои боркашонии байналмилаливу дохилӣ ва мусофиркашонӣ бештар ба нақлиёти автомобилӣ такя мекунад, аммо қисми роҳҳои мошингарди кишвар хароб ва хатарнок буда, ба таъмини рӯзгор ва фаъолиятҳои ҳаррӯзаи мардум халал мерасонад.

Ба гуфтаи масъулини БОР, ин тарҳ ба таҳкими шабакаҳои роҳҳои мошингарди Тоҷикистон мадад хоҳад кард.

Тарҳ ду қитъаи роҳ дар вилояти Хатлонро дар бар мегирад – аз Данғара то Оқмазор (28,7 километр) ва аз Ҳулбук то Кангурт (59,5 километр). Дар ин масир рӯзона садҳо мошини сабукрав ва борбар ҳаракат мекунанд.

Ин барнома ҳамчунин дастрасии занон ба кумакҳои молӣ барои роҳандозии тиҷоратҳои навро дар назар гирифтааст. Солона садҳо зан бар асоси қарзҳои созмонҳои молии байналмилалӣ тарҳҳои хурду миёнаи тиҷоратиро роҳандозӣ мекунанд.

Бонки Осиёии Рушд давоми даҳсолаҳои ахир садҳо миллион доллар ба тарҳҳои гуногун дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG