Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама рафтори Путинро мисли рафтори ноболиғон дар Инстаграм номидааст


Барак Обама ва Владимир Путин ҳангоми мулоқот дар Ирландияи Шимолӣ дар рӯзи 17-уми июни соли 2013.
Барак Обама ва Владимир Путин ҳангоми мулоқот дар Ирландияи Шимолӣ дар рӯзи 17-уми июни соли 2013.

Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, дар китоби наваш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба раҳбари ҳукумате монанд кардааст, ки ба гуфтаи ӯ мисли “ташкилоти ҷиноӣ” аст”, ки асрҳои 19 ва аввали асри 20 дар шаҳрҳои Амрико мудирият мекарданд.

Ба навиштаи Барак Обама, он раҳбарон сарпарастӣ ва ришвахориро “абзори қонунии тиҷорат” медонистанд. Раиси ҷумҳури собиқи Амрико навиштааст, Путин як кишваре сохтааст, ки “аз он битарсанд, на бо он рақобат кунанд” ва афзудааст, шояд Русия барои ҳеҷ яке ва ё андак шаҳрвандони кишварҳои дар ҳоли рушд “мояи илҳом” бошад.

Барак Обама, ки аз соли 2009 то соли 2017 раиси ҷумҳури Амрико буд, бо Владимир Путин робитаҳои хубе надошт. Ӯ чанд моҳ баъд аз он ба қудрат расид, ки Русия ба Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 ҳамла кард. Бо вуҷуди онки Обама дар аввал барои беҳбуд бахшидан ба робитаҳои Амрико ва Русия талош кард, вале нобоварии амиқ, ихтилофоти назарҳо дар бораи сиёсатҳои хориҷӣ, таназзули демократия дар Русия монеи пешрафт дар ислоҳои робитаҳои дуҷониба шуд.

Барак Обама ҳамчунин алоқаи Путин ба аксбардориҳо мисли аспсаворӣ бо қафаси синаи урёнро мисли алоқаи ноболиғоне номидааст, ки саъй мекунанд, аксе бигиранд, ки дар Инстаграмм ба бисёриҳо писанд ояд.

Ин аксро 3-уми августи соли 2009 ҳангоми истироҳати Владимир Путин дар Ҷумҳурии Тува бардоштаанд.
Ин аксро 3-уми августи соли 2009 ҳангоми истироҳати Владимир Путин дар Ҷумҳурии Тува бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG