Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмад шарт баст, ки дар Сахалин дандонпизишкии сайёр ташкил мекунад


Маҳмад Неъматов

Дар шаҳраки Смирних, дар Сахалин, дандонпизишкии сайёр фаъолият мекунад. Моҳе як бор ба назди сокинони деҳоти дурдаст меравад. Деҳоте, ки сокинонаш бо сабаби роҳҳои харобу ҳаракати ками автобусҳо, наметавонанд ба назди духтури дандон бираванд.

Раҳбарии соҳаи дандонпизишкии ноҳияро Маҳмад Неъматов, муҳоҷире аз Тоҷикистон ба дӯш дорад. 13 сол пеш ӯ бо як дӯсташ шарт карда, барои кор ба ин минтақа омад. Духтури нав бинои валангори дандонпизишки маҳаллиро таъмир ва пизишкони ҷавонро ба кор дар Смирних ҷалб кард.


Дар давраи Шӯравӣ, ҳазорон нафар талош мекарданд барои пулкоркунӣ ба Сахалин биёянд. Аммо баъди сари Шӯравӣ ҷойҳои кор аз даст рафт. Корхонаҳои зиёде аз фаъолият монданд. Мардум аз он ҷо куч баст ва дар Сахалин фақат онҳое монданд, ки ошиқи ин вилояту табиат ва асолати он буданд. Ҳоло ба ин минтақа сайёҳон ва дубора онҳое меоянд, ки мехоҳанд, пул кор кунанд.

Маҳмад Неъматов, духтури дандон ҳам яке аз онҳо аст. Ӯ дар пайи як баҳс ё шартбандӣ, 13 сол пеш ба ин ҷо омад ва ҳоло ба ҳайси мудири шӯъбаи стоматологии Беморхонаи марказии минтақавии Смирних кор мекунад. Маҳмад қиссаи ба Сахалин омаданашро ба ёд оварда, мегӯяд: "Як дӯсти ман ба ин ҷо омад. Рости гап вақти сӯҳбат, мо шӯхӣ кардем ва ӯ гуфт, ман барои ту баъди ду моҳ ҷойи кор пайдо мекунам. Меоӣ? Ман гуфтам, бале. Вай воқеан ҳам пас аз ду моҳ маро даъват кард.”

Ӯ то соли 2007 дар Тоҷикистон кор мекард ва нияти муҳоҷират ба Русияро надошт.

Маҳмад нақл мекунад, ки ҳамсараш ҳам ба ин тасмими ӯ мухолифат накард, аммо розигии падарро ӯ ба сахтӣ ба даст овард. "Ӯ ба ман гуфт, Ба ту чӣ намерасад? Мошин дорӣ, хонаву ҷойи кор дорӣ, замин дорӣ, чаро бояд биравӣ? Гуфтам, дустам он ҷо танҳо аст. Меравам ва баъди як сол боз бармегардам," -- гуфт, Маҳмад.

Вале бо ҳамин ӯ дигар барнагашт ва Русияро макони зисти худ интихоб кард. “Бояд дар ҷое, ки худат мехоҳӣ, зиндагӣ кунӣ. Замин барои ҳамаи мо як аст. Гуфтан мумкин аст, ки ин ҳам тақдир аст, омадам, кор мекунем ва ба мардум кӯмак мерасонем. Бар ҳар ҳол духтур дар ҳар куҷое, ки ҳаст, бояд вазифаи худро иҷро кунад," -- таъкид мекунад, Маҳмад.

То соли 2011 духтури дандон аз Тоҷикистон дар ноҳияи Александро – Сахалинск кор мекард. Ин мавзеъ бо сардиву барфрезиҳои зиёдаш дар хотири ӯ нақш бастааст. “Аз кор ба хона меоӣ, барф то зону аст. Субҳ вақти ба кор рафтан мебинӣ, ки занон дар даромадгоҳи бино ҷамъ шудаанд ва дарро кушода наметавонанд. Чанд бор маҷбур шудам, тавассути тирезаи ҳамсоя баромада, дарро кушоям. Туфони шадиде буд.”

Ба шаҳраки Смирних, Маҳмад бо даъвати як ҳамватанаш, ки пас аз хизмати ҳарбӣ он ҷо монда буд, омад. Ӯ аз оғози кораш дар Сахалин чунин ёд мекунад: “Омадам ва ҳамон рӯз маро мудири шӯъбаи дандонпизишкӣ таъин карданд. Ин ҷо ҳамагӣ 3 утоқи корӣ буд. Утоқи яку ду аз духтурони дандон, утоқи сеюм барои қабулу дармони беморон ва як утоқи дигар барои иваз кардани либос. Дар ин ҷо чизе дигар набуд. Баъдан мо дархост кардем. Сардухтури собиқи беморхона ва раҳбари ноҳия моро дастгирӣ карданд".

Бо сайъу талоши Маҳмуд, шӯъбаи дандонпизишкӣ таъмир карда шуд ва бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз сохт. "Ин ҷо шимоли миёна аст, мардум бояд 360 километрро тай карда ба маркази вилоят раванд, то дандон гузоранд. Бинобарин бояд дар навбати аввал, барои протез ё сохтани дандон таҷҳизоти заруриро фароҳам мекардем. Мо ду утоқро барои ин ҷудо кардем ва шароит фароҳам сохтем.”

Соли равон дар ин ҷо барои сокинони деҳоти дурдаст, дандонпизишкии сайёр ташкил карда шуд. "Росташро гуям, ман барои ин дандонпизишкии сайёр ҳанӯз се соли пеш дархост дода будам. Мехостам, ки мошине ҷудо кунанд. Моҳи декабри соли гузашта, барои мо мошин фиристоданд. Имсол дар пайи авҷ гирифтани коронавирус тақшаҳои мо каме тағйир ёфтанд. Дар маҷмӯъ мо нақша дорем ҳадди аққал моҳе ду бор ба ноҳияҳои дурдаст равем” мегӯяд, Маҳмад.

Маҳмад, талош кард, ки хатмакардаҳои донишгоҳҳои тиббиро ба кор ҷалб кунад. Вай мегӯяд, “Мо водор шудем, ки таҷҳизоти навтаринро харида, бо усулҳои муосир кор кунем. Барои ҷалби муттахассис мо эълон додем ва Иля Шаповалов, техники дандони мо тавассути эълон аз Омск ба ин ҷо омад. Ман бо ӯ телефонӣ сӯҳбат кардам ва ӯ гуфт, бо таҷҳизоти муосир кор карда метавонад ва омодааст бо мо кор кунад. Вай бо дустдухтараш омад ва мо ин ҷо онҳоро хонадор кардем. Соли панҷум аст, ки ӯ бо мо кор мекунад.”

Сергей Скрипник, яке аз дигар духтурони ҷавон аст, ки Маҳмад, ӯро ба шӯъбаи дандонпизишкӣ ба кор ҷалб кардааст. “Ӯ соли 2015 донишгоҳи тиббии Хабаровскро хатм карда, пас аз Интернатура дар ин ҷо ӯ ба ҳайси пизишкӣ оддии дандон ба кор шурӯъ кард. Баъдан мо ӯро чун ҷарроҳи дандон омода кардем" нақл мекунад Маҳмад дар бораи корманди дигари ҷавони шӯъбаи худ.
Сергей, ки дар ноҳия Смирних таваллуд шудааст, мегӯяд, бори аввал ба ин шуъба барои таҷрибаомӯзӣ омад ва бо дидани шароити бади он, тасмим гирифт, ки дигарбора ба ин ҷо барнагардад. Аммо баргашт ва монд "Ин соли 2013 буд. Сардухтур, ба мо корро ёд медод. Ҳар чизе медонист ба мо ҳам медод, нақл мекард. Ҳама хуб аст, мо якҷо дар ин самт кор мекардем ва ман эҳсос кардам, ки маро дар ин ҷо интизоранд."

Сергей мегӯяд, аз тасмими дар ин шӯъба монданаш аслан пушаймон нест, ҳарчанд дар аввал намехост. Ӯ ҳатто пулеро, ки давлат барои кораш дар Смирних ҷудо кард, сарф накард, зеро бовар дошт, ки то мӯҳлати муайяншуда дар ин ҷо тоқат нахоҳад кард ва ба шаҳр меравад. Ҳоло бо ин маблағ ӯ нахустин ва ягона клинникаи шахсии дандонпизишкиро дар Смирних таъсис додааст.
Сергей ба моҳигирӣ шавқ дорад, ӯ вақтҳои бекории худ ҳамкоронашро ҳам ба моҳигирӣ мебарад. Аксаран пас аз кор вай бо Маҳмад ба моҳигирӣ мераванд. Маҳмад ҳам дар Русия ба моҳигирӣ дилбастагӣ пайдо кард.

Мегӯяд дар 13 соле, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, Сахалинии воқеӣ шуд. Ин мавзеъро дуст дошт ва ҳоло ният бозгашт аз он ҷоро надорад. Аз пайи амалисозии нақшаҳои дигари худ дар зиндагӣ аст. “Ман боз як орзӯи дигар дорам. Мехоҳам як ҷойи дигар барои духтури Ортодонт ташкил кунам. Ин муттахассис оид ба рост кардани дандонҳои каҷ аст, ки бештар дар кӯдакон дида мешавад. Ин мушкилро бисёриҳо доранд. " нақл мекунад Маҳмад, яке аз даҳҳо духтури тоҷике, ки барои кору зиндагӣ Русияро интихоб кардааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG