Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео бо президенти Гурҷистон дидору гуфтугӯ кард


Майк Помпео ва Саломе Зурабишвили
Майк Помпео ва Саломе Зурабишвили

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар Гурҷистон рӯзи 18-уми ноябр бо президент Саломе Зурабишвили тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши дифоиву амниятиро дар миён гузошт ва яке дигар аз мавзӯъҳои гуфтугӯи ҷонибҳо - интихоботи озоду одилона буд. Сафорати ИМА дар Гурҷистон бо нашри изҳороте гуфт, ки “дар мулоқот (бо Зурабишвили) Котиби давлатӣ ӯҳдадории ИМА-ро ба тамомияти арзиву истиқлолияти Гурҷистон тасдиқ кард ва талошҳои кишварро дар амри мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ ситоиш намуд”. Гурҷистон кишвари ҳафтуми сислсиласафари кунунии Помпео мебошад. Помпео то ҳол пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи президентии ИМА эътироф накардааст ва дар ҳамовозӣ ба президент Доналд Трамп гуфтааст, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи Амрико бояд дар додгоҳҳои кишвар баррасӣ шавад. Помпео рӯзи 10-уми ноябр баъди шарҳаш дар бораи ин ки “интиқоли нарми қудрат ба маъмурияти Доналд Трамп сурат мегирад”, мавриди интиқоди зиёд қарор гирифт.

Дар сӯҳбатҳояш бо мақомоти Гурҷистон Помпео сари масоили ҳамкориҳои стратегии ИМА бо ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ, аз ҷумла, дар бахшҳои тиҷорат, маориф ва фарҳанг тамаркуз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG