Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон будҷаи соли 2021-ро тасдиқ кард


Вакилони порлумони Тоҷикистон
Вакилони порлумони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон будҷаи соли 2021-ро тасдиқ кард. Ҳаҷми даромади будҷа 27,6 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбати будҷаи соли 2020 беш аз 6 дарсад зиёд аст. Коршиносон мегӯянд, дар шароити баста будани марзҳо иҷрои ин ҳаҷми будҷа душвор хоҳад буд.

Тарҳи қонуни будҷаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия рӯзи 18-уми ноябр дар назди вакилон муаррифӣ кард.

Мақомот гуфтанд, соли оянда даромади будҷа беш аз 1,6 миллиард сомонӣ бештар хоҳад шуд. Таъмини ӯҳдадориҳои давлат дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ба гуфтаи мақомот аз авлавиятҳои ҳадафҳои давлатӣ дониста мешавад.

Қабули тарҳи будҷаи соли 2021 аз сӯи порлумон дар ҳолест, ки соли ҷорӣ бинобар таъсири манфии пандемияи короновирус ва коҳиш ёфтани интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ, даромади будҷаи кишвар ба шиддат коҳиш ёфт.

Аз ин рӯ поёни моҳи июн аз ҷумла бо тавсияи СБП Тоҷикистон нақшаи даромади будҷаро 2 миллиард сомонӣ ва бахши хароҷотро 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ кам кард.

XS
SM
MD
LG