Ба иттилои Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон, аз аввали соли хониш дар он кишвар 241 омӯзгор ва 1042 хонанда ба вабои коронавирус мубтало шудааст.
Дар ин бора Ойҷон Есмагамбетова, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод.
Ба гуфтаи вай, гирифтории хонандагон ва омӯзгорон ба коронавирус дар ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон сабт шудааст.
Хонандагон дар Қазоқистон чаҳоряки охири соли гузаштаи хониш ва чаҳоряки аввали соли хониши навро ба таври фосилавӣ пушти сар карданд. Чаҳоряки дувуми соли нави таҳсил низ ба таври фосилавӣ шуруъ шуд, танҳо ба мактабҳое иҷозаи ба роҳ мондани тарзи анъанавии таҳсил дода шуд, хонандаи кам доранд.
Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон дар маҷмуъ то кунун 121 ҳазору 653 ҳолати мубталошавӣ ва 1952 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст. Мунтақидон мегӯянд, омори воқеӣ ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.