Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 60% аҳолии Узбекистон то нимаи соли 2021 ваксинаи зидди коронавирусро дарёфт мекунанд


Ваксинаи КОВИД-19. Акс аз бойгонӣ.
Ваксинаи КОВИД-19. Акс аз бойгонӣ.

Муовини аввали сардори Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон Ботирҷон Қурбонов гуфт, то моҳи июни соли 2021 ба беш аз 60 дарсади аҳолии ин кишвар ваксинаи зидди коронавирус гузаронида мешавад.

Қурбонов дар ин бора дар симпозиуми маҷозии "Маълумотҳои нави илмӣ дар бораи COVID-19" хабар додааст.

Ба гуфтаи Қурбонов, дар Узбекистон роҷеъ ба ташкили воксингузаронӣ як қатор чорабиниҳо гузаронида мешавад. "Дар ҳоли ҳозир мо мунтазир ҳастем, ки кӣ пеш аз ҳама дар ҷаҳон ваксинаашро ба қайд мегирад. Дувум, кӣ якумин шуда ваксинаро ба фурӯш мегузорад", - гуфт Қурбонов.

Мансабдори узбек афзуд, ки Тошканди расмӣ барои харидории ваксинаи зидди коронавирус бо ниҳодҳои хусусӣ гуфтугӯ дорад. "Ҳар вақте ваксинаро дарёфт кардем, гузаронидани онро оғоз мекунем", - изҳор дошт муовини аввали сардори Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон.

Пештар вазири рушди инноватсионии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмон хабар дода буд, ки Тошканд мехоҳад, ваксинаҳои Чин, Русия, Аврупо ва ИМА-ро озмоиш кунад.

XS
SM
MD
LG