Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон ба сокинони қарздор аз бонкҳо 1,2 млрд сом кумак мекунад


Бонки РСК дар шаҳри Бишкек
Бонки РСК дар шаҳри Бишкек



Ҳукумати Қирғизистон барои дастгирии сокинони қарздор аз ташкилотҳои молии ин кишвар, ки ба иллати пандемияи коронавирус дар вазъи бади иҷтимоиву иқтисодӣ қарор гирифтаанд, санадеро ба имзо расондааст.

Санад дар сомонаи ҳукумати Қирғизистон нашр шуда, дар он ба созмонҳои моливу қарзии ин кишвар тавсия шудааст, шаҳрвандонеро, ки то 1 октябри соли равон на бештар аз 100 ҳазор сом қарз гирифтаанд, дар моҳи декабри соли 2020 ва моҳҳои январу феврали соли 2021 аз пардохти фоиз озод намоянд. Вале ин қарор ба ширкатҳои лизингӣ ва иттиҳодияҳои қарзӣ дахл надорад.

Ба Бонки миллии Қирғизистон тавсия шудааст, ки барои имзои созишнома дар бораи расонидани кумаки молӣ рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ дар ин кишварро таҳия ва пешниҳод кунанд. Ҳамчунин Вазорати молияи ин кишвар вазифадор шудааст, дар буҷаи соли 2021 барои дастгирии ниҳодҳои моливу қарзии ин кишвар аз ҳисоби даромадҳои ғайриандозӣ 1 миллиарду 253 миллиону 216 ҳазор сом пешбинӣ кунад.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 9 ноябр дар вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Норини ин кишвар гуфт, барои дастгирии молии шаҳрвандоне, ки то 100 ҳазор сом қарз гирифтаанд ва дар вазъи бад қарор доранд, аз буҷаи давлат 1,2 млрд сом ҷудо мешавад.

XS
SM
MD
LG