Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиши бадан барои шаҳрвандони Узбекистон кори бодаромад шуд


Толори машқи варзишӣ дар Ироқ. Акс аз бойгонӣ
Толори машқи варзишӣ дар Ироқ. Акс аз бойгонӣ

Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Узбекистон назорати иштироки мунтазами хидматчиёни давлатиро дар машқҳои пагоҳирӯзӣ зимни як аҳднома бо Бунгоҳи рушди хадамоти давлатии назди президенти Узбекистон идома хоҳад дод.

Бар пояи ин санад Вазорати тарбияи ҷисмониву варзиши Узбекистон дар якҷоягӣ бо оҷонси мазкур барои хидматчиёни давлатӣ машқҳои мунтазами пагоҳирӯзиро бо мақсади "таблиғи тарзи ҳаёти солим" ташкил хоҳад кард.

Президенти Узбекистон 30 октябри соли равон фармонеро дар бораи роҳандозии густардаи тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ дар ин кишвар содир кард, ки дар расонаҳои расмӣ 3 ноябр нашр шуд. Ин фармон фароҳам кардани шароити мусоидро барои машғул шудан бо тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои миёнаву олӣ ва корхонаҳои дигари Узбекистон пешбинӣ мекунад.

Бино ба як фармони дигари Мирзиёев, шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар рӯз 10 ҳазор ё бештар аз ин қадам мезананд, ба ҳамёни интернетии худ 3 ҳазор сӯм дарёфт мекунанд. Ба илова, касоне, ки дар сатҳи ноҳия дар моҳ бештар аз дигарон қадам мезананд, 300 ҳазор сӯм (муодили 300 сомонӣ), дар сатҳи минтақа бештар аз дигарон қадам мезананд - 500 ҳазор сӯм (500 сомонӣ) ва дар сатҳи кишвар аз дигарон бештар қадам мезанад 1 миллион сӯм (1000 сомонӣ) дарёфт мекунад.

Аз 1-уми январи соли 2021 ҳар як коргари давлатӣ бояд барои ширкат дар машқҳои варзишӣ 20% даромади иловагии моҳона дарёфт кунад. Дар Узбекистон, ки аз пандемияи коронавирус азият мешавад, рӯзи 30-юми октябр президент Шавкат Мирзиёев қарори наверо имзо кард, ки бар асоси он дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар дарсҳои варзишу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда мешавад.

XS
SM
MD
LG