Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари НАТО аз беруншавии пеш аз мӯҳлати нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳушдор дод


Брюссел, 21 октябр. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 17-уми ноябр ҳушдор дод, ки паймони низомӣ дар сурати хеле пеш аз мӯҳлат тарк кардани Афғонистон қимати бузургеро пардохт хоҳад кард. Изҳороти мазкур дар вокуниш ба гузоришҳое садо дод, ки мегӯянд, президент Доналд Трамп мехоҳад нирӯҳои амрикоиро аз хоки Афғонистон берун кашад. Столтенберг бо нашри изҳороте гуфт, “мо ҳоло дар муқобили як тасмими бисёр сангине қарор дорем. Мо тахминан 20 сол дар Афғонистон ҳастем ва ҳеҷ як узви эътилофи НАТО намехоҳад, ки беш аз мӯҳлати зарурӣ дар ин ҷо бимонад. Вале айни замон, барои хеле зуд берун шудан ваё аз роҳи ҳамоҳангношуда тарк кардани кишвар қимати баланд пардохт хоҳад шуд”. Ӯ гуфт, Афғонистон “бори дигар метавонад ба пойгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил шавад, ки дар фикри тарҳрезиву ҳамла ба заминҳои мо бошанд. Ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам метавонад дар Афғонистон халифати терроризмро, ки дар Сурияву Ироқ аз даст дод, дубора барқарор кунад”.

Вокуниши Столтенберг баъди он садо дод, ки бар пояи гузоришҳои нашршуда, Пентагон амр дарёфт кардааст, ки пеш аз дар мақоми президентӣ савганд ёд кардани Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ, 2 ҳазор сарбози амрикоиро аз Афғонистон ва 500 низомиро аз Ироқ ба ватан баргардонад. Дар сурати иҷро шудани ин амр, дар Афғонистон ва Ироқ 2500 сарбоз боқӣ мемонанд. Ин шумор, ба қавли мақомоти низомии амрикоӣ барои таъмини субот кофӣ нест.

XS
SM
MD
LG