Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Иркутск ба рӯи замини яхзада хоку устухони инсон рехтанд


Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот оғоз гардид
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот оғоз гардид

Интерфакс хабар дод, ки дар кӯчаҳои минтақаи сибирии Иркутски Русия ба роҳҳое, ки ях зада буданд, хоки омехта бо устухону дигар бозмондаҳои инсонро рехтаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 15-уми ноябр аксҳое нашр шуд, ки дар он дида мешавад, ки дар кӯчаҳои шаҳри Киренск рӯи замин хоки омехта бо пораҳои устухон ва ҳатто сари инсон пошида шудааст. Ин аксҳо ҳамон замон мавриди интиқоди корбарони шабакаҳо гардид. Полиси Иркутск ба Интерфакс тасдиқ кард, ки воқеан ҳам ин устухонҳои инсон буд ва бар асоси ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ширкате, ки бо корҳои роҳсозӣ машғул будааст, барои рӯи замини яхзада пошидани хок аз қабристони наздик ба он макон истифода кардааст. Манбаъ гуфтааст, ки аксари ин устухонҳо қабрҳои як қарн пеш мебошанд.

XS
SM
MD
LG