Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Молдова Майя Санду, номзади рӯ ба Ғарб пирӯз шуд


Майя Санду, номзади пирӯзи интихоботи президентии Молдова
Майя Санду, номзади пирӯзи интихоботи президентии Молдова

Майя Санду, собиқ иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ, ки тарафдори ҳамкориҳои наздиктар бо Иттиҳоди Аврупо аст, бар пояи натиҷаҳои пешакӣ, пешсафи интихоботи президентии рӯзи 15-уми ноябр дар Молдова эълон шуд.

Ба тарафдории Санду 57 дарсади мардум овоз доданд ва рақиби ӯ, президенти амалкунанда Игор Додон, ки бо сиёсатҳои рӯ ба Русияаш маъруф аст, бо 43 дарсади овозҳо мағлуб шуд. Комиссияи марказии интихоботи Молдова пас аз шумориши 99 дарсади раъйи мардум ин натиҷаҳоро эълон кард.

Тарафдорони Санду пирӯзии ӯро дар дафтари марказии Ҳизби амал ва ҳамраъйӣ, таҷлил мекунанд. Дар даври дуюми интихоботи президентии Молдова, ки 15-уми ноябр баргузор шуд, ширкати овоздиҳандагон 10 дарсад бештар назар ба даври аввал буд ва 52 дарсадро ташкил дод.

Рӯзи 15-уми ноябр баъди ширкат дар овоздиҳӣ Майя Санду ширкати фаъоли шаҳрвандонро дар овоздиҳӣ ситоиш кард:

“Мо шоҳиди онем, ки молдованҳо бисёр фаъолу сарҷамъ шуданд. Бо вуҷуди бӯҳрон, бо вуҷуди адами эътимод ба сохторҳои ҷамъиятӣ, бо вуҷуди як маъракаи чиркини интихоботӣ, мардум дар дохилу берун дар ҷамъиятҳои миллӣ бисёр фаъолона овоз доданд. Онҳо барои он овоз доданд, ки бепарво нестанд. Онҳо ба он хотир овоз доданд, ки садояшон шунида шавад. Мардум мехоҳанд, ки давлатмардон роҳҳалҳои мушкили онҳоро пешниҳод кунанд".

Натиҷаҳои интихобот ба баҳси деринаи рӯ ба Маскав ё Иттиҳоди Аврупо будани тамоюлҳои ҷомеаи Молдова нуқта мегузорад. Инчунин, натиҷаи интихобот аз он назар ғайриоддӣ аст, ки дар давраи аввали овоздиҳӣ рӯзи 1-уми ноябр Додон бар Санду пирӯз шуда буд, вале натавонист аз марзи 50 дарсад убур кунад.

XS
SM
MD
LG